LIVE

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба оғози Ҷоми ҷаҳон-2025 омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили дастаи Чехия омодагӣ мебинад.

Ин бозӣ рӯзи 5-уми  ноябр дар майдони 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо дастаҳои Чехия, Буркина-Фасо ва ИМА бозӣ мекунад. 

Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17 солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив