LIVE

Бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) муқобили Кореяи Ҷанубӣ

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дуюмин бозии санҷишии худро дар машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод.
Ин дафъа дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ доир намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 бо пирӯзии Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расид.
Дар бозии дӯстонаи навбатӣ дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 30 октябр бо ҳамтоёни худ аз Мексика рӯ ба рӯ мешавад. 
Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив