Бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳӣ дар Лигаи чемпионҳо Аврупо миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Энфилд”-и шаҳри Ливерпул доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Ливерпул” хотима ёфт. Доварии асосии бозӣ Иштван Коваш аз Руминия буд.
Ягона голи бозиро дар дақиқаи 61-ум нимҳимоятгари аргентинии “Ливерпул” Алексис Мак Аллистер ба нишон расонид.
Қобили зикр аст, ки дар даври гузашта, “мерсисайдиҳо” дастаи “Айнтрахт”-и Франкфуртро бо ҳисоби кални 5 бар 1 шикаст дода буданд. “Реал Мадрид” дар даври гузашта, бо ҳисоби 1 бар 0 муқобили “Ювентус” пирӯз шуд.
Дар даври оянда шогирдони Арне Слот рӯзи 26-уми ноябр бо дастаи “ПСВ” бозӣ мекунанд, дар ҳамин рӯз дастаи Хаби Алонсо бо “Олимпиакос” рӯбарӯ мешавад.
