LIVE

Зайниддин Раҳимов: «Ҳадафи мо дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 баромадан аз гуруҳ аст»


Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи миллии яккачини наврасони Тоҷикистон (U-17)  дар нишасти матбуотӣ пеш аз бозии нахуст дар Ҷоми ҷаҳон-2019 иқрор шуд, ки дастаи ӯ дар ҳар бозӣ барои музаффарият кӯшиш хоҳад кард. Дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “E” муқобили дастаҳои наврасони Камерун (28 октябр), Испания (31 октябр) ва Аргентина (3 ноябр) нерӯ месанҷад.

– Мо, ки ба Бразилия ҳанӯз даҳ рӯз пеш аз нахустин бозии худ омадем, аллакай ба иқлим ва тағйироти вақт одат кардем. Чунин меҳисобам, ки гурӯҳи мо яке аз мушкилтарин дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 мебошад. Дастаҳои Аргентина ва Испания ба қатори дастаҳои пуруқувваттарини мусобиқа буда, афзалияти бештар доранд. Камерун бошад, дастаи андаку мандак нест. Онҳо имсол ғолиби чемпионат дар Қораи Африқо буданд.  Мо бо иштироки ҳарфони худ чанд бозиро тамошо ва таҳлилу барраси кардем. Ҳоло тамоми бачаҳои мо дар ҳолати хуб қарор дошта,  ба набарди  ҷиддӣ омода мешаванд. Мо барои роҳ ёфтан ба даври дигар  талош хоҳем кард. Бисёр чизҳо аз вохӯрии нахусти марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаи наврасони Камерун вобастагии калон дорад. Агар мо Ҷоми Ҷаҳониро бомуваффақият шуруъ намоем, ин ба футболбозон қувваи иловагӣ медиҳад.

   Дастаи наврасони мо субҳи 29-уми октябр расо соати 04:00 бозии аввали хешро бо дастаи Камерун оғоз мекунад. Ин рақобат мустақиман тавассути шабакаи "Варзиш" ва "Футбол" манзури тамошобинон гардонида мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив