LIVE

Алҷазоир баъди пирӯзӣ бар Сомали ба ҶҶ-2026 роҳ ёфт

Тими миллии Алҷазоир дар бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Сомалиро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин пирӯзӣ барои Алҷазоир ҷои аввалро дар гурӯҳи G таъмин кард ва ба онҳо роҳхат дар мусобиқаи ҷаҳонии ИМА, Канада ва Мексикаро таъмин намуд.
Чемпионати ҷаҳон-2026 - Африқо. Гурӯҳи G. Даври 9-ум
Панҷшанбе, 9 октябри соли 2025. 21:00 ДШБ
Сомали 0:3 Алчазоир
0:1 Амура – 6' 0:2 Марез – 19' 0:3 Амура – 58'
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи шашум ҳамлагари «Волфсбург» Муҳаммад Амура боз кард. Ҳамлагари “Ал-Аҳлӣ” Риёд Маҳрез дар дақиқаи 19-ум пешравии дастаашро афзоиш дод. Амура бошад дар дақиқаи 56-уми рақобат гол дуюми хешро вориди дарвозаи ҳариф намуд, ҳисобро 3:0 намуд.
Қаблан мунтахабҳои Марокаш, Тунис ва Миср аз қораи Африқо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифта буданд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 48 тими миллӣ ширкат хоҳанд кард, ки ба 12 гурӯҳи иборат аз чаҳор дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин дар якҷоягӣ бо ҳашт дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба даври плей-оффи Чемпионати ҷаҳон роҳ меёбанд. Ғайр аз он, Чемпионати ҷаҳон-2026 марҳилаи нав - даври 1/16-умро илова мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив