Мунтахаби Австралия дар даври 10-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 тими миллии Арабистони Саудиро бо ҳисоби (2:1) шикаст дод ва соли оянда дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ширкат хоҳад кард.
Чемпионати ҷаҳон-2026 — Осиё. Гурӯҳи 3. Даври 10-ум
10 июни соли 2025, сешанбе. 23:15 ДШБ
Арабистони Саудӣ 1:2 Австралия
1:0 Ал-Обуд – 19' 1:1 Меткалф – 42' 1:2 Дюк – 48'
Австралия бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи “С” мақоми дувумро касб кард ва роҳхати мустақимро ба чемпионати ҷаҳонии соли 2025 ба даст овард. Арабистони Саудӣ мақоми севумро гирифт ва дар марҳилаи баъдии интихобӣ ширкат хоҳад кард. Тибқи низомнома дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро гирифтанд, дар даври баъдӣ ба ду гурӯҳииборат аз се даста тақсим мешаванд. Ғолибони ин гурӯҳҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ меёбанд ва дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд, бозии плей-офф мегузаронанд ва тимҳои ғолиб дар бозии гузариши байниқитъавӣ ширкат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Австралия бори шашум паиҳам ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар кишварҳои Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот 48 даста бозӣ мекунанд.
