LIVE

Мағлубияти бузурги мунтахаби Италия аз ИМА дар чемпионати ҷаҳонӣ

Бозии даври 1/8-ниҳоии чемпионати ҷаҳонӣ миёни бозигарони то 20-сола байни тимҳои миллии ИМА ва Италия  бо ҳисоби бузурги 3:0 ба нафъи амрикоиён хотима ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии то 20-сола 2025 - Даври ниҳоӣ. Даври 1/8 ниҳоӣ
Ҷумъа10 октябри соли 2025. 00:30 ДШБ
ИМА (U203:0 Италия (U20)
1:0 Кремаски – 15' 2:0 Сакирис – 79' 3:0 Кремаски – 90+3'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 15-ум бо голи нимҳимоятгар Беня Кремаски кушода шуд. Дар дақиқаи 79-ум нимҳимоятгар Нико Сакирис натиҷаро ду бар сифр намуд. Билохира дар дақиқаи 90+3-юм Кремаски аз голи дуюми хеш истиқбол гирифта, пирӯзии бузургро ба нафъи мунтахаби ИМА таъмин намуд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби то 20-солаи Италия иштироки худро дар мусобиқа ба анҷом расонд. Дастаи ИМА ҳафтумин иштирокчии даври чорякфиналӣ мебошад. Бозии ниҳоии чемпионати ҷаҳонӣ рӯзи 20-уми октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив