LIVE

Колумбия дар даври 1-8 ниҳоии ҶҶ то 20-сола бар Африқои Ҷанубӣ пирӯз шуд

Шаби 8-ум ба 9-уми сентябр бозии даври 1/8-ниҳоии чемпионати ҷаҳонӣ миёни мунтахаби ҷавонони Колумбия (U-20) ва тими миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ  ба анҷом расид. Бозӣ бо пирӯзии намояндаи қораи Амрикои Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии то 20-сола- 2025 – Даври Даври 1/8 ниҳоӣ
Панҷшанбе, 9 октябри соли 2025. 00:30 ДШБ
Колумбия (U20) 3:1 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (U20)
1:0 Канчимбо – 7' 1:1 Вилакази – 51' 2:1 Вилярреал – 63' 3:1 Вилярреал – 90+6'
Голи аввалини дидорро ҳамлагари тими мунтахаби Колумбия Ҷоэл Канчимбо дар дақиқаи ҳафтум ба самар расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ Мфундо Вилакази аз тими Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар дақиқаи 51-ум аз зарбаи пеналти ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 63-юм Найзер Вилярреал дастаи худро ба пеш баровард ва дар дақиқаи 90+6-юм бо дубл пирӯзии Колумбияро бо ҳисоби 3-1 таъмин кард.
Ҳарифи мунтахаби Колумбия дар даври чорякниҳоӣ  Фаронса мебошад.
Чемпионати ҷаҳонии соли 2025 миёни наврасон аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар кишвари Чили баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив