LIVE

Аргентина дар даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонӣ Нигерияро ноком кард

Шаби 8-ум ба 9-уми сентябр бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2025 миёни бозигарони то 20-сола байни тимҳои миллии Аргентина ва Нигерия ба анҷом расид. Бозӣ бо пирӯзии намояндаи қораи Амрикои Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт.
2025 Ҷоми ҷаҳонии FIFA U-20 - Даври 1/8 ниҳоӣ
Панҷшанбе, 9 октябри соли 2025. 00:30 ДШБ
Аргентина U20 4:0 Нигерия U20
1:0 Сарко – 2' 2:0 Карризо – 23' 3:0 Карризо – 53' 4:0 Силветти – 66'
Голи аввалини дидорро ҳамлагари дастаи олмонии “Байер” Алехо Сарко дар дақиқаи дуюм зад. Сипас нимҳимоятгар Махер Карризо, ки дар ҳайати “Велес Сарсфилд” бозӣ мекунад, дар дақиқаҳои 23-юм ва 53-юми рақобат ду гол зад. Ҳамлагари «Интер Майами» Матео Силветти дар дақиқаи 66-ум ҳисобро 4:0 кард.
Дар марҳилаи чорякфиналӣ тими миллии ҷавонони то 20-солаи Аргентина бо тими Мексика (11-уми октябр) рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми ҷаҳонии футболи то 20-сола дар соли 2025 дар Чили аз 27 сентябр то 19 октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив