Бино ба хабаргузории нашрияи Bloomberg сарвати молиявии футболбози дастони португалӣ Криштиану Роналду 1 миллиард доллар баҳогузорӣ карда мешавад, ки ин худ нишондоди рекордӣ миёни футболбозони касбӣ аст.
Сарчашмаи асосии сарвати ӯ шартномаи ӯ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мебошад, ки дар доираи он Роналду беш аз 400 миллион доллар маош мегирад. Ин ҳаҷми маоши бозигар берун аз пардохтҳои андоз буда, ҳамчунин дар созишнома мукофотпулӣ, саҳмияҳои бошгоҳӣ ва як ҳавопаймои хусусӣ низ пешбинӣ шудааст.
Криштиану дар тӯли фаъолияти худ 550 миллион доллар маош ва 175 миллион доллари изофӣ аз муомилаҳои созишномаҳои рекламавӣ бо ширкатҳои Nike, Armani ва дигар брендҳо ба даст овардааст.
