Шартномаи кунунии ҳамлагар Ҳарри Кейн бо “Бавария”-и Мюнхен дорои банди харидории 65 миллион евро барои тобистони соли 2026 мебошад. Аммо ин имконотро то рӯзи 31-уми январи соли 2026 фаъол кардан мумкин аст. Дар ин бора нашрияи Bayern & Germany бо такя ба маълумоти хабарнигорони олмонӣ Кристиан Фалк ва Тоби Алтшаффл хабар медиҳад.
Ба иттилои як манбаъ, нақшаи бошгоҳи шаҳри Мюнхен ин аст, ки то ба охир расидани мӯҳлати банди харидории бозигар дар ҳаҷми маблғаи дар боло зикргардида интизор шавад ва баъдан гуфтушунидро бо Кейн оиди шартномаи нав оғоз намояд. "Бавария" умедвор аст, ки форвард ба бозгашт ба Англия манфиатдор нест.
Кейн бозигари гаронмуздтарини даста буда, дар як сол 24 миллион евро маош мегирад. Абардастаи олмонӣ намехоҳанд маоши ҳамлагарро зиёд кунанд. “Бавария” ӯҳдадор аст, ки хароҷотро кам кунад. Илова бар ин, вақти анҷомёбии мӯҳлати шартномаи корияш дар соли 2027 Кейн 34 сола мешавад.
