LIVE

Айтана Бонмати бори сеюм паиҳам соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуд

Нимҳимоятгари дастаи “Барселона” ва тими миллии Испания Айтана Бонмати барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2025 гардид.
Ӯ бори сеюм бо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” сарфароз гардид. Ҷоиза ба Бонматии 27-сола дар ҷараёни маросими France Football дар театри Шатлеи Париж супорида шуд. Бонмати қаблан низ дар солҳои 2023 ва 2024 соҳиби ин ҷоиза гардида буд.
Соли 2025 Бонмати ҳамчунин беҳтарин бозигари чемпионати Аврупо эътироф шуд, ки дастааш медали нуқра ба даст овард. Дар финал испаниҳо дар силсилаи пеналтӣ аз тими миллии Англия мағлуб шуданд.
Дар тамоми таърихи ҷоиза, “Тӯби тиллоӣ” панҷумин бор ва ҳам пайдарпай аст, ки ба футболбозони “Барселона” дода мешавад. Пештар ду бор Алексия Путеляс пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Айтана Бонмати аввалин бозигар миёни бонувон аст, ки се маротиба соҳиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шудааст. Ин натиҷаи рекордӣ дар футболи занона маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив