LIVE

Айтана Бонмати аз ҷониб ФИФА беҳтарин дониста шуд

Баъди анҷоми маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбозбонуи соли 2023 аз ҷониби ФИФА дар Лондон маълум гардид, ки  Айтана Бонмати («Барселона», мунтахаби Испания) беҳтарин дар соли 2023 дониста шуд. Қобили қайд аст, ки дар рӯйхати кӯтоҳи беҳтарин футболбозон ҳамчунин  Линда Кайседо («Реал», мунтахаби Колумбия) ва Ҷеннифер Эрмосо («Пачука», мунтахаби Испании) шомил буданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Айтана Бонмати ғолиби Суперҷоми Испания, Лигаи чемпионҳо ва ҳамчунин ғолиби Ла Лига дар ҳайати  «Барселона» шуда, ҳамчунин бо мунтахаби Испания дар чемпионати ҷаҳон миёни бонувон пирӯзӣ ба даст оварда буд. 30-юми октябр нимҳимоягари  «Барселона» Айтана Бонмати ғолиби «Тӯби тиллоӣ» — 2023 миёни бонувон гардид. Мавсими ҷорӣ испании 25-сола дар 14 бозии «Барселона» ба майдон омада, ҳашт голу шаш партофти голӣ ба омор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив