LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо ҳисоби бузург бар Камбоҷа зафар ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи «С»-и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дуюмин пирӯзии худро соҳиб шуд.
Футзалбозони Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бар Камбоҷа бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуданд.
Аз ҳайати тимо Умед Кузиев муаллифи дубл шуд. Фирӯз Бекмуродов, Идрис Ёров, Насратшо Исмоилов, Муҳаммадҷон Шарипов ва Самандар Ризомов як голӣ заданд.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи Тоҷикистон бо Ҷопон рақобат мекунад. Ин бозӣ 24 сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 оид ба футзал
Гурӯҳи «С». Даври 2
Камбоҷа 1:7 Тоҷикистон
Голҳо: Самандар Ризомов, 5 (0:1). Идрис Ёров, 8 (0:2). Насратшо Исмоилов, 10 (0:3). Кео Сочетра, 12 (1:3). Умед Кузиев, 18 (1:4). Муҳаммадҷон Шарипов, 27 – аз пеналти (1:5). Фирӯз Бекмуродов, 35 (1:6). Умед Кузиев, 39 (1:7).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умед Кузиев (Тоҷикистон).
22 сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ. 2045 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив