LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии ҶО-2026 ширкат мекунад

Аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20 сентябр), Камбоҷа (22 сентябр) ва Ҷопон (24 сентябр) рақобат мекунад. Ҳама бозиҳо бо иштироки дастаи мо соати 20:00 оғоз мешаванд. Нархи чиптаи ду бозии як рӯз 30 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамаи мухлисонро ба маҷмааи варзишӣ барои дастгирии тими миллӣ даъват менамоем!
Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026
Гурӯҳи «С»
Даври 1
20 сентябр| шанбе
17:00 – Ҷопон-Камбоҷа
20:00 – Тоҷикистон-Макао
Даври 2
22 сентябр | душанбе
17:00 – Макао -Ҷопон
20:00 – Камбоҷа -Тоҷикистон
Даври 3
24 сентябр | чоршанбе
17:00 – Макао -Камбоҷа
20:00 – Ҷопон- Тоҷикистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив