LIVE

Пирӯзии бузурги ПСЖ зидди «Аталанта» дар даври нахусти Лигаи Чемпионҳо

Бозии даври аввали марҳилаи умумии мавсими 2025/2026 Лигаи Чемпионҳо миёни бошгоҳҳои ПСЖ-и Фаронса ва “Аталанта”-и Италия ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и шаҳри Париж бозӣ карданд ва ин рақобат бо ҳисоби 4:0 ба нафъи мизбонон ҷамъбаст шуд.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 1-ум
18 сентябри соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
ПСЖ (Париж, Фаронса) 4:0 “Аталанта” (Бергамо, Италия)
1:0 Маркинйос – 3' 2:0 Кварасхелия – 39' 3:0 Мендеш – 51' 4:0 Рамуш – 90+1'
Дар дақиқаи севум ҳимоятгар Маркинос ПСЖ-ро ба пеш баровард. Ҳамлавари гурҷии “парижиҳо” Хвича Кварацхелия дар дакикаи 39-ум ҳисобро дучанд кард. Дар дақиқаи 44-ум ҳуҷумкунандаи дигари мизбонон Брэдли Барколя аз пеналти гол зада натавонист. Вале дар дақиқаи 51-ум муҳофизгари самти чапи ПСЖ Нуну Мендеш голи сеюми ПСЖ-ро ба ҳадаф расонид. Голсалу Рамуш бошад бо голи чоруми тимаш дар дақиқаи 90+1 пирӯзии бузургро дар ин дидор барои тимаш таъмин кард.
ПСЖ қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо буда, дар финали мавсими 2024/25 “парижиҳо” “Интер”-ро бо хисоби 5:0 шикаст дода буданд. Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои имсола дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив