LIVE

Ду голи Кейн ба «Бавария» дар бозӣ зидди «Челси» пирӯзӣ овард

Бозии даври аввали марҳилаи умумии мавсими 2025/2026 Лигаи Чемпионҳои УЕФА миёни бошгоҳҳои «Бавария»-и Олмон ва дастаи «Челси»-и Англия ба анҷом расид. “Мюнхениҳо бо ҳисоби 3:1 тавонистанд дар варзишгоҳи «Арена Мюнхен»-и шаҳри Мюнхени Олмон пирзӣ ба даст оварданд.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври якум
18 сентябри соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 3:1 “Челси” (Лондон, Англия)
1:0 Чалоба – 20' 2:0 Кейн – 27' 2:1 Палмер – 29' 3:1 Кейн – 63'
Дар дақиқаи 20-уми рақобат Тревор Чалоба ба як худголе дастаи шаҳри Мюнхенро ба пеш баровад. Ҳарри Кейн дар дақиқаи 27-ум баъди гол аз зарбаи пеналти  бартарии тими олмониро дучанд намуд. Голи тими шаҳри Лондонро бошад Коул Палмер дар дақиқаи 29-ум зада буд. Билохира Кейн дар дақиқаи 63-юм аз голи дуюми хеш истиқбол гирифт. Палмер ҳамдар ин дидор дар дақиқаи 89-ум ба задани гол даст ёят, аммо он ба далели офсайд рад карда шуд.
Дар даври баъдӣ “Бавария” рӯзи 30-юми сентябр дар меҳмонӣ бо “Пафос” бозӣ мекунад ва “Челси” бошад худи ҳамон рӯз дар сафар бо “Бенфика” рақобат дорад.
Ғолибони феълии Лигаи Чемпионҳо «Пари Сен-Жермен» мебошанд. Дар финали даври қаблӣ онҳо бар “Интер”-и Милан бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив