Арзонтарин чиптаҳо барои бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 60 доллар арзиш доранд. Дар ин бора ESPN хабар додааст.
Дар ин маврид сухан дар бораи чиптаи як бозй меравад, на дар мавриди бастаи чиптаҳо барои якчанд вохурй. Гуфта мешавад, ки гаронтарин чиптаи финали Ҷоми ҷаҳон 6710 доллар арзиш дорад. Манбаъ таъкид мекунад, ки ин нархҳо метавонанд дар муддати боқимонда то Ҷоми ҷаҳонии футбол тағйир ёбанд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11 июн то 19 июл дар кишварҳои ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мусобиқа барои нахустин бор бо ширкати 48 тими миллӣ баргузор мешавад. Ҷоми ҷаҳонии футболро 11 шаҳр мизбони аз Иёлоти Муттаҳида, се шаҳр аз Мексика ва ду шаҳр аз Канада мизбонӣ хоҳанд кард. Чемпиони феълии ҷаҳон оид ба футбол тими миллии Аргентина мебошад.
