LIVE

 Рубен Аморим дар бораи омодагии “МЮ” ба оғози мавсим изҳори назар кард

Сармураббии “Манчестер Юнайтед” — Рубен Аморим дар бораи омодагии даста ба мавсими нав изҳори назар кард.

“Мо мехоҳем робитаи хубе байни бозигарон барқарор кунем — фикр мекунам, ин барои мо зарур аст. Баъдан аз ҷиҳати ҷисмонӣ омода бошем. Мо бояд ба талаботи Премйер-Лигаи Англия ҷавобгӯ бошем. Муҳимтарин чиз омодагӣ ба бозии аввал бо “Арсенал” мебошад. Мо бояд тамоми бовар ба қувваи худро нишон диҳем.

Агар ман кори худро аз аввали ин мавсим шуруъ мекардам, ин як иштибоҳ мешуд. Аз ин рӯ, ман бар он назарам, ки ҳоло бояд аз ҳамаи хатоҳое, ки дар шаш моҳи гузашта содир кардем, сабақ гирем ва ҳама чизро аз сафҳаи тоза оғоз намоем. Ман кӯшиш мекунам тамоми иттилои дар ин муддат бадастомадаро ба таври дуруст истифода барам.

Тағйироти кадрӣ дар клуб барои ҳама бисёр сангин буд. Вале ҳоло мо имкони хуб дорем, ки ҳама чизро аз нав оғоз кунем” – аз Суханони Аморим нашрияи Manchester Evening News иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки “Манчестер Юнайтед” дар даври аввали мавсими нави Премйер-Лига рӯзи 17-уми август дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” бо дастаи “Арсенал” рақобат хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив