LIVE

Сармураббии "МЮ" Аморим набуди Онанаро дар бозии гузашта шарҳ дод

Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Рубен Аморим дар бораи бозии ҷавобии дарпешистодаи даври 1/4 финали Лигаи Аврупо бо «Лион» сӯҳбат кард ва инчунин шарҳ дод, ки чаро ӯ тасмим гирифтааст, ки дарвозабони асосӣ Андре Онанаро ба ҳайати дастаи «Нюкасл» дар бозии даври 32-юми АПЛ (1:4) дохил накунад.
Англия - Премер-лига. Даври 32-юм
13 апрели соли 2025, якшанбе. Соати 20-30
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл апон Тайн) 4:1 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Тонали – 24'     1:1 Гарначо – 37’     2:1 Барнс – 49’     3:1 Барнс – 64’     4:1 Гимараеш – 77
"Мо наметавонем ин бозӣ, ин нишондод, ин мавсимро тағйир диҳем. Мо танҳо бояд дар бораи оянда фикр кунем, мо як мусобиқа дорем, ки дар он ҷо метавонем ғолиб шавем ва дар мавсими оянда ба Лигаи Чемпионҳо ворид шавем. Чизи хуб ин аст, ки мо дар ин мавсим бисёр чизҳоро аз сар гузаронидем, бинобар ин мо медонем, ки ин лаҳзаҳо воқеан душворанд, аммо аллакай барои худамон исбот кардем, ки метавонем бори дигар мубориза барем. 
Онана ё Байиндир дар ҳайати асосӣ? Мо барои интихоби беҳтарин таркиб омода хоҳем шуд, ва  боварӣ дорем, ки он ғалаба карда метавонад. Ман Онанро ба истроҳат фаро додам, зеро дар ҳама гуна вазъият дар бозӣ камераҳо ба сӯи ӯ нишон дода мешаванд ва агар ӯ бозӣ накарда, дар курсӣ бошад, фишорро эҳсос мекунад.  Ҳамин тавр, барои ман ин яке аз ду чиз буд: ё бозӣ мекунед ё дар хона мемонед. "Ин интихоби ман буд"- омадаст аз суханони Аморим  дар вебсайти расмии бошгоҳӣ.
Бозии «Лион» ва «Манчестер Юнайтед» рӯзи панҷшанбеи 17-уми апрел баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив