Дастаи “Ал-Наср” ба ҳимоятгари чапи тими “Челси” — Марк Кукуреля таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Дар ин бора нашрияи бонуфузи Marca хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дастаи шаҳри Риёз алакай омодагӣ мебинад, то пешниҳоде барои трансфери Кукуреля ба роҳбарияти “Челси” ирсол кунад. То ҳанӯз ҷузъиёти дақиқи эҳтимолии ин муомила маълум нест. Манбаъ таъкид мекунад, ин пешниҳоде хоҳад буд, ки рад карданаш барои “Челси” душвор хоҳад буд.
Ҳамзамон, хабар дода мешавад, ки худи Кукуреля дар ҳоли ҳозир майл дорад, ки дар Примйер-лигаи Англия боқӣ бимонад, аммо “Ал-Наср” омода аст ба ӯ нақши бозингари калидиро дар ҳайати даста пешниҳод кунад.
Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки сармураббии “Челси” Энтсо Мареска — Кукуреляро ҳамчун як бозигари хеле муҳим ва калидӣ барои даста арзёбӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки “Ал-Наср” ҳамчунин дар марҳилаи ниҳоии гуфтушунидҳо барои ба даст овардани Жоау Феликс қарор дорад.
