Бошгоҳи саудии "Ал-Наср" ба дифоъгари "Арсенал" Габриэль Магалянс тавваҷҷӯҳ кардааст. Дар ин бора Sport хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳи Арабистони Саудӣ ният дорад, ки тобистони имсол як пешниҳоди трансфериро ба лондониҳо ирсол намояд. Ин тим аллакай бо дифоъгари бразилӣ тамос гирифта, омодааст дар як мавсим 20 миллион евро маош пешниҳод кунад - ин нисбат ба маоши бозигар дар «Арсенал» се маротиба зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, ки худи футболбоз ният дорад, ки мавсимро дар ҳайати "тӯпчиён" ба анҷом расонад ва омода аст, ки имкони идомаи фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ баррасӣ кунад.
Магалянс мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Арсенал” 41 бозӣ анҷом дода, ба задани 5 гол ва ирсоли 1 партофти головар даст ёфтааст. Мӯҳлати шартномаи бозигари бразилӣ бо дастаи феълияш то соли 2027 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 75 евро аст.
