Шаби 19-ум ба 20-ум июн ба вақти Душанбе бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ дар гурӯҳи D миёни дастаҳои Арабистони Саудӣ ва ИМА дар варзишгоҳи Q2-и Остин (ИМА, Техас) анҷом ёфт. Вохурй бо пирӯзии минималии мунтахаби Амрико — 1:0 анҷом ёфт.
Голи ягонаро дар дақиқаи 63-юми бозӣ ҳимоятгари марказии дастаи «ситора-рахдорон»-ро Крис Ричардс ба самар расонид.
Мунтахаби ИМА дар ду даври марҳилаи гурӯҳӣ шаш имтиёз ба даст оварда, иштироки хешро дар даври чорякфиналии мусобиқот кафолат дод. Арабистони Саудӣ бо се имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои миллии Гаити ва Тринидад ва Тобаго як имтиёзӣ доранд.