Нимҳимоягари канории испанӣ Нико Уилямс дар мавриди шартҳои шахсии шартнома бо “Барселона” ба мувофиқа расид, хабар медиҳад инсайдер Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Барселона» тасмим гирифтааст, ки варианти хариди вингери 22-солаи испаниро фаъол созад ва барои харидории ин бозигар маблағи заруриро пардохт кунад. Ин маълумотро инсайдери маъруф Фабрисио Романо нашр кардааст.
Шартномаи кории Нико бо бошгоҳи феълияш аз шаҳри Билбао то соли 2027 амал мекунад. Дар маҷмӯъ, дар тӯли фаъолияти худ дар сатҳи бошгоҳӣ Уилямси хурдӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 167 бозӣ анҷом дода, 31 гол ва 30 ассист дар номаш дорад. Сомонаи Transfermarkt арзиши ӯро 70 миллион евро арзёбӣ мекунад.