«Реал»-и Мадрид ҳамлавари «Атлетик Билбао» Нико Уилямс харидорӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи Marca мерасонад.
Ба иттилои манбаъ «қаймоқиҳо» барои қатъ кардани шартномаи Уилямси хурдӣ пеш аз мӯҳлат бояд ба «Атлетик» 58 миллион евро пардохт кунанд. Таъкид карда мешавад, ки агар футболбози 22-сола ба ин даста гузарад, эҳтимолан бошгоҳи шоҳонаро Родриго Гоес тарк мекунад. "Реал Мадрид" низ мехоҳад, ки Уилямсро харидорӣ кунад, зеро қаблан "Барселона" ба ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд.
Мавсими ҷорӣ ҳамлагар 44 маротиба дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 11 гол ва 7 партофти головар анҷом додааст. Шартномаи феълии Уилямс бо “Атлетик” то тобистони соли 2027 амал мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 70 миллион евро аст.