Бозигари бошгоҳи «Атлетик Билбао» ва мунтахаби Испания Нико Уилямс таҳти таваҷҷӯҳи “Бавария” қарор гирифтааст. Инсайдер Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки футболбози 22-сола таваҷҷӯҳи “Бавария”-ро ба худ ҷалб кардаст.
Ба гуфтаи манбаъ, "Бавария" мехоҳад, ки тобистони оянда дар пасманзари номуайянӣ атрофи ояндаи Серж Гнабри, Лерой Сане ва Кингсли Коман дар даста қанотҳои ҳамлаи худро мустаҳкам кунад. Намояндагони тими мюнхенӣ баромади Уилямсро назорат мекунанд. Арзиши тахминии ин созишнома метавонад 50-60 миллион евро бошад.
Қобили зикр аст, ки қаблан расонаҳои хабарӣ “Барселона”-ро довталаби асосӣ дар харидории Уилямс номида буданд. Худи бозигар низ гӯё мехоҳад ба сафи “блаугранас” гузарад. Аммо кор то ҳол ба дараҷаи пешниҳоди расмӣ нарасидааст.