LIVE

Мунтахаби Фаронса медалҳои биринҷии Лигаи Миллатҳоро соҳиб шуд

Бозӣ барои ҷои сеюм дар Лигаи Миллатҳои УЕФА миёни тимҳои миллии Олмон ва Фаронса   дар варзишгоҳи Аренаи Штутгарт (Олмон)   бо ҳисоби 2:0 ба нафъи фаронсавиҳо хотима ёфт.
Лигаи Миллатҳои УЕФА. Лигаи А. Барои ҷойи 3-юм
8 июни соли 2025, якшанбе. 18:00 ба вакти Душанбе
Олмон 0 : 2 Фаронса
0:1 Мбаппе – 45'     0:2 Олисе – 84'
Дар дақиқаи 45+1-ум ҳисобро дар ин вохӯрӣ ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе аз партофти Аурелйен Тчуамени кушод. Дар дақиқаи 53-юм бошад Дениз Ундав аз партофти Флориан Виртз ҳисобро баробар кард, аммо пас аз баррасии наворҳои VAR ин гол ба далели қоидавайронкунӣ бекор карда шуд. Ахиран Майкл Олисе дар дақиқаи 84-ум аз паси Килиан Мбаппе бартарии тими миллии Фаронсаро дучанд кард.
Дар марҳилаи ниманиҳоӣ тими миллии Олмон аз тими миллии Португалия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Дастаи мунтахаби Фаронса бошад аз Испания бо ҳисоби 4:5 шикаст хӯрд. "Серрангаҳо" барандаи Лигаи Миллатҳо дар соли 2021 гардида буданд.
Бори охир тимҳои миллии Олмон ва Фаронса соли 2024 дар бозии дӯстона вохӯрда буданд. Дар он бозӣ дастаи Бундестем бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив