Имрӯз, 5-уми июн марҳилаи нимниҳоии Лигаи Миллатҳои УЕФА ба охир расида, ҷуфти дигари финалии ин мусобиқа маълум мешавад.
Лигаи Миллатҳои УЕФА, ҷадвали бозӣ барои 5-уми июн (бо вақти Душанбе):
00:00. Испания - Фаронса.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ тими миллии Испания бар тими миллии Нидерланд пирӯз шуда, аз рӯи ҷамъбасти ду бозӣ ғолиб омад. Фаронса тими миллии Хорватияро аз ин идомаи рақобат дар ин мусобиқа берун кард. Қобили зикр аст, ки ҳарду ин дастаҳо ба шарофати пирӯзӣ дар зарбаҳои пеналтӣ ба марҳилаи чорякфинали роҳхат гирифта буданд. Дастаи ғолиби бозии ниманиҳоӣ миёни мунтахабҳои Испания-Фаронса рӯзи 8-уми июн дар финали Лигаи Миллатҳо бо Португалия вомехӯрад.
Чемпиони феълии Лигаи Миллатҳои УЕФА тими миллии Испания мебошад.