Бозии даври 4-уми дар гурӯҳи 3-юми Лигаи В-и Лигаи Миллатҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои мунтахаби Австрия ва Норвегия бо ҳам вохӯрданд, ба анҷом расид. Мунтахаби Австрия дар ин рақобат бо ҳисоби 5:1 пирӯзӣ ба даст овард.
Лигаи Миллатҳои УЕФА. Лигаи В. Гурӯҳи 3. Даври 4-ум
13-уми октябри соли 2024, якшанбе. Соати 23-45 бо вақти Душанбе
Австрия 5:1 Норвегия
1:0 Арнаутович – 8' 1:1 Сорлот – 39’ 2:1 Арнаутович – 49’ 3:1 Линхарт – 58’ 1 – 4:1: 71'
Дар дақиқаи ҳаштум ҳамлагари тими миллии Австрия Марко Арнаутович ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии норвегиҳоро ҳамлагар Александр Сорлот дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд. Арнаутович дар дақиқаи 49-ум боз соҳибони майдонро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 58-ум ҳимоятгар Филипп Лиенхарт ҳисоби бозиро ба нафъи австриягиҳо афзоиш дод. Пас аз чор дақиқа бошад Стефан Пош ҳисобро ба чор бар як расонд. Голи охирини рақобатро Майкл Грегорич дар дақиқаи 71-ум ба самар расонид – 5:1.
Ғолиби феълии Лигаи Миллатҳои УЕФА тими миллии Испания мебошад.
