Шаби 28-ум ба 29-уми май ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Ди-Эр-Ви Пи-Эн-Ка Стэдиум» дар Форт-Лодердейл (ИМА, иёлати Флорида) бозии МЛС байни дастаҳои “Интер Майами” ва “Клёб де Фут Монреал” доир шуда, бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт.
ИМА - Лигаи асосии футбол. MLS
29 майи соли 2025, панҷшанбе. 04:30 ДШБ
“Интер Майами” (Майами) 4:2 “Клёб де Фут Монреал” (Монреал)
1:0 Месси – 27' 2:0 Суарес – 68' 3:0 Суарес – 71’ 3:1 Сили – 73’ 4:1 Месси – 88 4:2 Лотури - 90+2'
Дар дақиқаи 27-ум сарвони аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси аз партофти Серхио Бускетс ҳисобро боз кард. Дар дақиқаҳои 68 ва 71-ум ҳамлагари уругвайӣ Луис Суарес ба задани ду голи аввалинаш бо истифода аз ирсолҳои голии Месси даст ёфт. Дар дақиқаи 73-юм бошад Данте Сили як голи ҷавобӣ зад. Вале аллакай дар дақиқаи 88-ум худи Лионел Месси аз голи дуюмаш истиқбол гирифт. Бозигари меҳмонон Виктор Лотури ахиран дар дақиқаи 90+2-юм голи дуюми дастаи хеш ва охирин бозиро ба ҳадаф расонид.
«Интер Майами» бо 26 имтиёз аз 15 бозӣ дар ҷои шашуми Конференсияи Шарқии МЛС қарор дорад. “Клёб де Фут Монреал” бошад аз 16 бозӣ ҳашт хол ба даст оварда, дар зинаи 15-ум қарор дорад ва ин ҳам зинаи охирини Конференсияи Шарқӣ мебошад.