«Челси» дар финали Лигаи Конференсияҳо бар «Бетис» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Бошгоҳи шаҳри Лондон бо ҳамин соҳиби дастоварди беназире гардид: дар тӯли таърихи худ "кабудҳо" дар Лигаи Чемпионҳо, Лигаи Аврупо, Суперҷоми УЕФА ғолиб омадаанд ва ҳоло Ҷоми Лигаи Конференсияҳоро ба даст овардаанд.
Лигаи Конференсияҳо. Финал
29 майи соли 2025, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Бетис” (Севиля, Испания) 1:4 “Челси” (Лондон, Англия)
1:0 Абде – 9' 1:1 Фернандес – 65' 1:2 Ҷексон – 70’ 1:3 Санчо – 83’ 1:4 Кайседо – 90+1'
Лондониҳо ду бор ғолиби Лигаи Чемпионҳо (солҳои 2012 ва 2021), ду маротиба ғолиби Лигаи Аврупо (солҳои 2013 ва 2019), муваффақият дар Лигаи Конференсияҳо (соли 2025), барандаи Ҷоми Ҷомдорон (солҳои 1971 ва 1998), Суперҷоми УЕФА (солҳои 1998 ва 2021 ва ғолиби Ҷоми ҷаҳонии клубҳо дар соли 2021 шудаанд.