Бозии даври 35-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Челси» ва «Ливерпул» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Стэмфорд Бриҷи дар Лондони Англия бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 35-ум
04 майи соли 2025, якшанбе. Соати 20-30
“Челси” (Лондон) 3:1 “Ливерпул” (Ливерпул)
1:0 Фернандес – 3' 2:0 Куанса – 56' 2:1 ван Дейк – 85' 3:1 Палмер – 90+6'
«Челси» дар дакикаи сеюми бозй бо голи нимҳимоятгари аргентинӣ Энсо Фернандес пешсаф шуд. Дар дақиқаи 56-ум муҳофизатгари «Ливерпул» Жаррел Куанса тӯбро ба дарвозаи худ равон кард ва ҳисоб ҳам ду бар сифр гардид. Дар дақиқаи 85-ум бошад Вирҷил ван Дейк як голи ҷавобӣ зад. Билохира Колу Палмер дар дақиқаи 90+6-уми рақобат голи севуми «кабудҳо»-ро аз зарбаи пеналти ба самар расонида, пирӯзии тимашро бо ҳисоби 3:1 таъмин намуд.
Ёдовар мешавем, ки “мерсисайдиҳо” дар даври гузашта барои 20-умин бор дар таърих пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Англия шуданд; онхо бо 82 хол дар чадвали лигаи олй пешсафанд. "Челси" бошад бо 63 имтиёз дар ҷои панҷум аст.