Ҳуҷумкунандаи "Барселона" Рафиня муаллифи ирсоли голӣ дар бозии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо зидди "Интер" гардид. Барои бозигари бразилии 28-сола ин паси голӣ 20-умин дар мавсими ҷории мусобиқоти аврупоӣ гардид. Рафиня бо ҳамин аз нишондоди рекорди «Барселона», ки аз ҷониби Лионел Месси (19) дар мавсими 2011/2012 гузошта буд, пеш гузашт.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 1-ум
Панҷшанбе, 01 майи соли 2025. 00:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона, Испания) 3:3 “Интер М” (Милан, Италия)
0:1 Тюрам – 1' 0:2 Дамфри – 21' 1:2 Ямал – 24' 2:2 Ф. Торрес – 38' 2:3 Думфрис – 64' 3:3 Зоммер – 65'
Ҳамдастаи Рафиня Роберт Левандовски бошад дар Лигаи Чемпионҳои мавсими 2019/2020 дар сафи “Бавария” 20 гол задааст. Натиҷаи беҳтаринро дар мавсими 2013/2014 ҳамлагари "Реал Мадрид" Криштиану Роналду (51) ба даст овард.
Рафиня аз соли 2022 инҷониб шарафи дастаи “Барселона”-ро ҳимоя мекунад.