LIVE

Панҷ дастаи ПЛА мехоҳанд Де Брюйнеро ба даст оранд

Нимҳимоягари "Манчестер Сити"  Кевин Де Брюйне таҳти диққатҳои "Астон Вилла" қарор гирифтааст. Бошгоҳи шаҳри Бирмингем оиди интиқоли эҳтимолӣ баҳсҳои дохилӣ анҷом дод ва имконоти худро вобаста ба гузариши нимҳимоятгар арзёбӣ мекунад. Дар ин бора рӯзноманигор Мелисса Редди дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ нисбати Кевин Де Брюйне дар Англия аз дастаҳои «Челси», «Манчестер Юнайтед», «Арсенал» ва «Ньюкасл» таваҷҷӯҳ доранд ва пешниҳоди интиқоли эҳтимолӣ аз “Комо”-и итолиёвӣ низ омадааст. Бо вуҷуди ин, ҳангоми интихоби дастаи навбатии худ нимҳимоятгар ба футбол ва ҳаёти оилавии худ афзалият медиҳад ва аз ин рӯ  оиди кӯчидан аз Бритония изҳори норозигии худро баён кард.
Аввали моҳи апрел футболбози 33-солаи мунтахаби Белгия тасмим гирифт, ки тобистони имсол дастаи феълии худро тарк мекунад. Шартномаи феълии Кевин то санаи 30-юми июни соли ҷорӣ баста мешавад ва баъд аз он ӯ ба агенти озод табдил меёбад. Қаблан «Манчестер Сити» ба капитани худ шартномаи нав бо дарназадошти кам кардани андозаи маоши корӣ шартнома ба мӯҳлати барои як мавсим пешниҳод карда буд, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасида буданд.
Де Брюйне мавсими ҷорӣ 35 бозӣ дар сафи дастаи хеш анҷом дода, соҳиби омори панҷ гол ва ҳашт партофти головар шудааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши трансферии бозигари белгиявиро дар ҳаҷми 27 миллион евро баҳогузорӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив