LIVE

Месси гуфт чӣ гуна Гвардиола ба футболи муосир зарар расонид

Ҳамлавари аргентинии «Интер Майами»  Лионел Месси ба суол оиди расонидани сармураббии «Манчестер Сити»  Хосеп Гвардиола зарар ба футболи муосир посух дод.
"Гвардиола – ин худ дунёи дигар аст. Ӯ он чизеро, ки ҳеҷ кас намебинад, мебинад. Ӯ футболро иваз кард. Ҳама мехостанд моро нусхабардорӣ кунанд. Дарвоқеъ, ӯ нохост ба бозӣ зарар расонд: одамон кӯшиш мекарданд, ки мисли “Барселона”-и мо бозӣ кунанд, вале нафаҳмиданд чӣ тавр ин корро анҷом диҳанд. Мо  дастаи махсусе доштем, ки бо Хави, Инйеста ва Бускетс дар мавқеи нимҳимоятгар доштем.
Месси аз тобистони соли 2023 дар ҳайати “Интер Майами” бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ 49 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда,  42 гол ва 21 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳи феълияш то охири соли 2025 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt дарҷ шудааст, арзиши бозории футболбози дастони аргентинӣ 20 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив