Ҳамлагари бошгоҳи саудии “Ан-Наср” Криштиану Роналду метавонад баъди анҷоми мавсими тими Арабистони Саудиро тарк кунад. Қаблан маълумот оиди интиқоли эҳтимолии бозигари португалӣ ба “Реал Мадрид” ё “Интер”-и Милан пайдо шуда буд.
Тибқи иттилои Tuttosport “нерадзурриҳо” нисбати ин бозигар таваҷҷӯҳ надоранд, зеро директори генералии “Интер” Ҷузеппе Маротта бар ин назар аст, ки хариди Роналду аз нуқтаи назари молиявӣ мушкил аст.
Мавсими ҷорӣ ҳамлагари португалӣ 33 маротиба дар тамоми мусобиқаҳо ба майдон омада, муаллифи 28 гол ва 4 партофти головар шудааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳи арабӣ то тобистони соли 2025 баста шудааст. Бино ба маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 12 миллион евроро ташкил медиҳад.