Нимҳимоягари "Манчестер Юнайтед" Каземиро эҳтимолан сафи дастаашро тарк мекунад ва ба чемпионати Арабистони Саудӣ мепайвандад.
Ба иттилои UOL нисбати ин футболбоз тими “Ал-Наср”- Арабистони Саудӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Раҳбарияти бошгоҳ дар бораи муносибати хуби нимҳимоятгар бо Криштиану Роналду маълумот дорад ва ин ҳам эҳтимоли интиқоли ӯро зиёд мекунад. Қайд карда мешавад, ки футболбоз ҳам худ омодааст, ки ба сафи дастаи саудӣ гузариш анҷом диҳад.
Мавсими ҷорӣ Каземиро дар 22 бозии “Манчестер Юнайтед” ширкат варзида, муаллифи 3 гол мебошад. Мӯҳлати шартномаи бозигар то соли 2026 амал мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 12 миллион евро аст.