Хадамоти матбуотии бошгоҳи "Манчестер Сити" оиди ҷароҳати ҳамлавари "шаҳриён" Эрлинг Ҳоланд маълумот нашр кардааст. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари норвегӣ дар бозии даври чаҳорякфиналии Ҷоми Англия бо “Борнмут” (2:1) ҷароҳат бардошта буд.
Ҷоми ФА. 1/4 финал
30 марти соли 2025, якшанбе. Соати 120-30 бо вақти Душанбе
“Борнмут” (Борнмут) 1:2 “Манчестер Сити” (Манчестер)
1:0 Эванилсон – 21' 1:1 Ҳоланд – 49' 1:2 Мармуш – 63'
«Эрлинг дар шаҳри Манчестер аз санҷишҳои аввалия гузашт ва ҳоло ба мутахассисон муроҷиат хоҳад кард, то дараҷаи пурраи ҷароҳатро тасдиқ кунанд.
Арзёбии вазнинии ҷароҳат барои муайян кардани хулосаи ниҳоӣ идома дорад. Интизор меравад, ки Эрлинг метавонад ба бозӣ баргардад ва дар боқимондаи мавсим, аз ҷумла дар Ҷоми ҷаҳонии клубҳои тобистона ширкат кунад"- омадааст дар изҳороти бошгоҳии Манчестер Сити.
Мавсими ҷорӣ Ҳоланд дар ҳайати «Манчестер Сити» дар тамоми мусобиқаҳо 40 бозӣ анҷом дода, 30 гол ва 4 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи феълии футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2034 мӯҳлат дорад. Бино ба маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози 24-сола 200 миллион евроро ташкил медиҳад.
Рӯзи чоршанбе, 2-юми апрел, "Манчестер Сити" дар доираи бозии даври 30-юми Чемпионати Англия бо "Лестер" рақобат мекунад.