Ҳамлагари норвегии «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд шартномаашро бо даста то соли 2034 тамдид кард. Дар ин бора нашрияи The Athletic хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар шартномаи нав тамоми бандҳои хариди бозигар, ки қаблан амал мекарданд, хориҷ карда шудаанд. Маоши бозигари мунтахаби Норвегия дар бошгоҳ аз ҳама баландтарин хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки ин яке аз гаронтарин ва дарозмуддаттарин қарордодҳои корӣ дар таърихи варзиш аст.
Ҳоланди 24-сола дар ин мавсим дар ҳайати даста дар тамоми мусобиқаҳо 28 бозӣ анҷом дода, 21 гол ва як ассист кардааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 200 миллион евро аст.