Собиқ довари ФИФА Эдуардо Итурралде Гонсалес дар бораи рӯйдоди бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо, ки дар он дастаҳои «Атлетико» ва «Реал Мадрид» вохӯрданд, шарҳ дод. Вохурй ба хисоби 1:0 ба фоидаи «ҳиндувониён» анҷом ёфт, вале дар зарбаҳои «лос бланкос» дақиқтар баромад — 4:2.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
13 марти соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Атлетико М” (Мадрид, Испания) 1:0 (2:4) “Реал Мадрид”
1:0 Галлагер – 1'
«Ҳатто агар тӯб ба [даст] бархӯрд, дар ин ҳолат ҷазо дода намешавад. Ин ҳолати табиии даст аст,"- иқтибос меорад Diario AS аз суханони Итурралде.
Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 20-уми нимаи аввали рақобат ҳамлагари “Лос-Бланкос” Винисиус Ҷуниор ҳангоми афтодан тӯбро ба ҷаримагоҳи рақиб равона кард. Тӯб ба дасти бозигари “Атлетико” Ҷулиано Симеоне расид. Довари асосии вохӯрӣ Шимон Марчиняк пеналтӣ таъин накард.