LIVE

Флик бори сеюм беҳтарин мураббии моҳ дар Ла Лига эътироф шуд

Сармураббии дастаи “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик беҳтарин мураббии моҳи феврал дар чемпионати Испания дониста шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ла Лига хабар додааст.

24 –уми феврали соли ҷорӣ мутахассиси олмонӣ 60-сола шуд. Ӯ барои дарёфти ҷоиза аз сармураббии "Хетафе" Хосе Бордалас ва сармураббии “Валенсия” Карлос Корберан пеш гузашт.

"Ягон роҳи беҳтаре барои ҷашн гирифтани зодрӯз вуҷуд надорад" навиштааст хадамоти матбуотии Ла Лига.

Дар моҳи феврал “Барселона” бар “Алавес” (1:0), “Севиля” (4:1), “Райо Валйекано” (1:0) ва “Лас-Палмас” (2:0) пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Флик бори сеюм ҷоизаи беҳтарин мураббии моҳро дар Ла Лига соҳиб шуд. Қаблан, Флик моҳҳои август ва октябр ҷоиза беҳтарин мураббии моҳро соҳиб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив