Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷидда аввалин бозии дӯстонаро доир кард.
Дар шаҳри Ҷидда тими бонувони кишвари мо бо тими мизбон Арабистони Саудӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб шуданд. Голҳоро Сабо Тавфиқ дар дақиқаҳои 2-юм, 36-ум, Муборак ал- Бандари дар дақиқаи 55-ум ва Рағад Мухайзин дар дақиқаи 83-юм ба самар расониданд.
26-уми феврал бозии дуюми санҷишӣ миёни дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон доир мешавад. Оғози бозӣ соати 21:30 ба вақти Душанбе буда, дар шаҳри Ҷидда сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки имсол мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 –юми июн то 5 –уми июл баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ рӯзи 27-уми март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.