LIVE

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон зидди саудиён бозии дӯстона дорад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Вохӯриҳо рӯзҳои 23 ва 26 феврал дар Ҷидда баргузор мешаванд.
Барои тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон ин марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 июн то 5 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Рақибони дастаи мо дар марҳилаи интихобӣ 27 март муайян мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив