Нисфирӯзии имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2025” дар шаҳри Минск бозии сеюми худро анҷом дод.
Ҳарифи дастаи мо дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ӯзбекистон буд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди тими миллии Ӯзбекистон анҷом ёфт. Дар ин бозӣ Муҳаммад Назриев муаллифи аввалин голи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа гардид.
Қобили зикр аст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии даври аввал аз тими мизбон Беларус бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб шуд. Дар бозии дуюми дастаи мо аз тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бо ҳисоби 0 бар 1 ноком шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар Ҷоми Осиё, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.