LIVE

Чаро Неймар карераи футболбозии худро ба саудиҳо фурӯхт?

Масалан, қариб $5 дар як сония.
Неймар ҳоло ба таври расмӣ дар “Ал-Ҳилол” қарор дорад. Футболбози бразилӣ пас аз шаш соли дар “ПСЖ” қарор доштанаш, ки дар 31-солагӣ беҳтарин вариант барои идомаи карерааш чемпионати Арабистони Саудӣ буд оҷноро интихоб кард. Неймар “Барселона”-ро тарк кард, то аз сояи Месси берун ояд ва ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст орад. Ҳато дар ин муддат  ба клуби парижӣ дар ба даст овардани Лигаи Чемпионҳо кӯмак накард. Бештари вақти худро ин бозингар дар беморҳонаҳо сипарӣ мекард. Гарчанде, ки Неймар ба синни 31 солагӣ расида бошад, ҳам ҳоло набояд пӯлро интихоб мекарду фаъолияти футболбозии худро коста намекард. Неймар метавонист, ки пешниҳоди “Барса”, “Реал” “МС”, “МЮ” ва “Бавария”-ро мепазируфту ба монади Ҳолланд ва Мбаппеву Жуниор дар бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳон Лигаи Чемпионҳоми Аврупо ҷилло медод. 


Роналду ба Арабистони Саудӣ рафт, ки дар футболи Аврупо ба қуллаҳои бениҳоят 99% ҷаҳони футбол расида буд. Бензема ба Шарқи Наздик рафт, зеро ӯ тавоноии худро дар Аврупо пурра дарк кард. Месси ба ИМА рафт, зеро бо «Барселона» кораш омад накард.
Неймар бошад,  дигар ба “ПСЖ” лозим нашуд, зеро Луис Энрике сармураббии ин тими парижӣ  ошкоро гуфт, ки бразилӣ ба нақшаҳои ӯ кор намеояд ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бояд бору банди хешро ҷамъ намояд. Рӯзҳои зодрӯзи хоҳар, шабгардӣ бо рафиқон аз соли 2017 то имрӯз Неймар дар ягон мавсим зиёда аз 30 бозӣ накардааст. 
Вай бо ягон клуби Аврупо робитаи ҷиддӣ надошт, зеро гумон аст, ки касе дархостҳои молиявии ӯро ба даст орад ё баъдан барои ӯ маблағи муносиб диҳад. “Барса” мушкилоти зиёди молиявӣ дорад ва “Челси” ба ӯ ниёз надошт. Ва акнун Арабистони Саудӣ - ин кишвар саховатмандона ба “ПСЖ” 100 миллион евро пардохт кард, ки ҳоло ин маблағро аз касе намегирифт ва ба Неймар миллионҳо дод, ки ҳеҷ кас ба ӯ намедод.
Эҳтимол Неймар хушбахт аст - дар тӯли ду соли шартнома ӯ бисёр маош мегирад. Ва дар он ҷо аллакай бо футбол тамом шудан мумкин аст. Арабистони Саудӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳо, ба бразилӣ ваъда додааст:

  • ҳавопаймои хусусӣ барои истифодаи шахсӣ;
  • хонаи бо ҳашамат бо хизматгорон;
  • € 500 000 барои ҳар як нашри хабар дар саҳифаи Инстаграм дар бораи Арабистони Сауди;
  • € 80 ҳазор барои ҳар як ғалабаи Ал-Ҳилол;
  • € 160 миллион маош дар як мавсим.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив