LIVE

Арабистони Саудӣ ба хотири Неймар қонунашро иваз кард

Ҳамлавари бразилии дастаи «Ал-Ҳилол» Неймар дар дастаи наваш мукофотҳои зиёде ба даст меорад, дар ин бора Footmercato хабар додааст. Инчунин соҳибмулкони дастаи саудӣ ба Неймар ҳавопаймои хусусӣ туҳфа намудаанд. 
Вай инчунин имкони зиндагӣ бо дӯстдоштаи худ Бруна Бианкарди, сарфи назар аз издивоҷ накарданро пайдо мекунад. Бар асоси қонунҳои Арабистони Саудӣ, ҳамзистӣ бо духтаре бидуни никоҳ мамнӯъ аст.
Илова ба маоши баланд Неймар мукофотҳои ҷиддие низ дорад. Барои ҳар як пирӯзии «Ал-Ҳилол» Неймар 80 ҳазор евро ҳамчун мукофотпӯлӣ ба даст меорад. Барои ҳар як хабар дар бораи Арабистони Саудӣ форвард 500 ҳазор евро мукофотпӯлӣ мегирад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Неймар дар «Ал-Ҳилол» сарвони ин даста буд, бо шумораи 10 бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив