LIVE

Асрори ба "Манчестер Сити" гузариш накардани Роналду дар чӣ аст?

Ҳамин тобистон бозори трансферӣ аз гузаришҳои пурсарусадо лабрез буд ва на камтар серовозадортар аз инҳо гузаришҳои эҳтимолие   буданд, ки дар миёни онҳо гузариши эҳтимолии Криштиану  Роналду ба "Мансити" ва таҳлили ба назди Пеп Гвардиола омадани Криро дар муҳити футболӣ буд, бо нафаре, ки Криштиану як вақт душманӣ дошт. 


Душмание, ки ҳеҷ вақт аз назарҳо дур намераваду замони дар Барса побарҷо будани Гвардиола ҷанҷолҳои майдониро ба вуҷуд меовард. Чӣ мешуд агар гузариш  ба ҳар ҳол анҷом мешуд... Чӣ гуна кор  пеш мерафт? 



Айни ҳол Пеп Гвардиола дар ҳамлавари даҳгона талаботи воқеӣ дорал ва пас аз оне, ки Сити вақти ба даст овардани Кейн умедҳоро аз даст дод, мутахасисони ин тим оид ба гузаришҳо таваҷҷӯҳҳо нисбати Роналду карданд. 



"Ювентус" бошад мақомҳои пешин ва хислатҳои шӯҳратпарастиро дар мондани вазифаҳо ба мавсими навро аз даст дод ва португалиро зарур омад, ки ҷониби бянконериро  тарк кунад. Бо вуҷуди  ин ҳайати роҳбарикунандаи Юве ҳамчунин хоҳиши кам кардани сарборӣ дар пардохти маошро    дошта буд ва аз ҳамин ҷиҳат ҳардуи ҷонибҳо манфиатдор дар гузариши Криштиану буданд. Роналдуе, ки  ба синни 37-солагӣ наздик шудаву бо вуҷуди  камҳаракатӣ дар майдон бозингари андаке андаке  танбал махсусан бе туб аст ва ин эҳтимолан ба оне мерасонад. ки Роналду қариб, ки ҳеҷ чиз ба  тими Гвардиола пешниҳод карда наметавонист. Маҳз вақти анҷом додани фишор мушкилӣ пеш меояд,чаро, ки Роналду дар кам фурсатҳо ба ягон бозингаре фишор меорад. 

Мушкилоти потенсиалӣ

Барои қиёс Габриел Жезус дар ҳисоби миёна  30  ҳаракат-фишорҳои фаъол дар 90 дақиқа, Ферран Торрес-12,4  ҳаракатҳои фишоровар анҷом медиҳад, дар ҳоле, ки нишондоди Роналду дар ин самт танҳо 6,7 мебошад. Рушан аст, ки агар Роналдуро ба сифати бозингари Сити пешбинӣ кунем, ситоди мураббигиро ислоҳоти механикии бозии даставӣ зарур меомад. 





Таҳлилгари асосӣ Алекс Стюарт бар он аст, ки шаҳриҳо  метавонистанд, ки ӯро чун нуқтаи оморӣ  истифода       кунанд -дар фазаи дифоъии бозӣ -дар гирде, ки бозингарони ниҳоят устокор ва фаъол дар муносибати фишороӣ     бошанд  ва ҳамчунин олоте, ки бо ёрии он хати марказиро бар муқобили пасҳои рақиб метавон маҳкам кард, бо дарназардошти он, ки Сити дар бештари бозиҳо бо тӯбнигоҳдорӣ пештоз мебошад.

Дар ҳисоби миёна Мансити бо тӯбнигоҳдорӣ шӯҳрати хосса дошта, дар ПЛА дар мавсими 20/21 зиёда аз шаст фоизи тӯбнигоҳдориро дар омор дошт ва   ин албатта басанда нест, ки бо камбудии аслии Роналду дар ин росто созиш кард. Дар ин сурат Суол ба миён меояд, ки чӣ тавр Сити Роналдуро бе туб истифода мекунад ? 

Ҳамлавар


Ҳамчунин далели натиҷаоварии Криштиану ва муноисбат бо он,ки  ҳамлаварони Сити  20 гол дар мавсим аз соли 2018 назадаанд ва Роналду  баръакс  натиҷавоварияшро  дар 20 ё бештари  тӯбҳо дар мавсим аз соли 2009 нишон медиҳад. Гвардиола нисбати ҳар бозингар чун кевин де Брюйне, Раҳим Стерлинг, Бернаруд Силва пурмаҳорат кулли нимҳимоягарон, аз ҷумла хати дифоъ дар ҳаркатҳои натиҷавӣ иштирок кунанд, агар бозингари Сити   ҳолати дақиқ ва нақшҳо -ҳамчунин консентрасияи  олат байни ҳама буғ шавад.
Ҳамчунин  навъи ҳолатҳое шавқоваранд, ки дар созмондҳии тими Гвардиола мақсадгқузорӣ дорад ва чун Роналду ба онҳо зур дуруст мегирифт.
Танҳо 10 тӯб аз 83 аз ҷониби Сити берун аз ҷаримагоҳ зада шудаанд. Қисмати асосии созмондиҳии ҳолатҳо мавсими 20/21 танҳо дар масири 16 метр аз ҷаримагоҳ сохта шуданд.


Роналду бошад омори баръакс дорад ва бештари тӯбҳои берун аз ҷаримагоҳ зада шудаанд.
Дар 8 мавсим бо вуҷуди 218 голи Роналду дар     бошгоҳе, ки  17 гол аз берун аз ҷаримагоҳ зада шудаанд қариби 8 фоиз мебошад.


Хуллас, ки новобаста аз сифаҳои мусбиву камбудии доштааш Криштиану Роналду ба назди Гвардиола намомаду Олд Траффорди барояш маҳбубро интихоб кард, вале суол ин аст: Шумо чӣ фикр доред оё Роналду худро дар Мансити ҳозира нишон дода метавонист ва ё кулли таҳлилҳои дар боло овардашуда қарори худро  наёфта, ҳар кас дар фикри худ мемонад ва мо  дигарбора  таърихи пурваъдатарин гузариши саршор аз умедҳои амалиношударо медидем?

Таҳияи Имомбек Шодибекзод

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив