LIVE

Месси бар муқобили ҳама ва ё худ душманони Месси дар «Барселона» кӣ буданд?

Кулли дӯстдорони футболӣ медонанд,ки   Лионел Месси на як бору ду бор  норозигиҳои худро дар   «Барселона» ба  мардум мебарорад ва инҷо зарур шуморидем,ки таърихи ҷанҷолҳои Мессиро бо “душманонаш” сари мақола биёрем, ки албатта дар ҳар давру замон сабаби аслии майли рафтани кардани Лео Месси аз тими каталонӣ мешуданд.

                                                      Танишҳои лафзии Месси атрофи  Ибрагимович



Гузариши Златан  Ибрагимович ба  «Барселона» ҳарчанд,ки эҳтимолан таркиши бузургеро интизор дошту як фарҳанги хоссаро дар футболи ҳуҷумкор эҳдо карданӣ буд, ахиран бидуни шуҳрат ва бо ҷанҷолҳои оммавӣ хотима ёфт.  Шведиро зарур омад,ки  аз   «Барселона» канор равад, аз тиме як замон бо орзӯи бузурге ба самти он мешитофт.  Пас аз рафтани Златан аз тими каталонӣ нахустин зарбаҳоро   Хосеп Гвардиола қабул кард, аммо ВАО-и испанӣ ва худи Златан ҳам сир бой надода мегуфтанд,ки сабаб дар худи Месси аст. Гуё,ки Месси аз оне рашк мебурд,ки  Ибрагимович хеле шуҳратманд буду миёни мухлисони зиёдаш шарафмандии хоссаеро дастрас буд.  Лионел бошад дар ин миён ҷанҷолҳо мебардошту хостори мавқеи    Ибрагимович дар майдон мешуд. Златан дар ин миён,ки худ хислатҳои пешвоиро дорост, чунин ҳолатро тоб надошту аз даста  канор рафт. 

                                                                               Месси алайҳи Виля   

    
Таърихи муносибати ин футболбозон низ ҳамранги қиссаи пешин аст.  Кулли чиз санаи   22-юми сентябри соли  2012 вақти бозӣ бо   «Гранада»   иттифоқ афтод, замоне ки  Месси дақиқан ҳам бо Виля барои оне ҷанҷол барпо кард,ки испанӣ барояш партофти саривақтии голзанӣ надод. Ин ҳолатро  ҳамагон дар  «Камп Ноу» мушоҳида намуданду миллионҳо тамошобинони футбол ҳам ба чашми сар диданд. Ҷанҷол миёни ҳардуи бозингар тулонӣ муҳокима карда шуд,вале қариб як сол мегуфтанд,ки ҳардуи футболбозон умуман бо ҳамдигар гап намезананд.

                                                                 Ноҷурии Месси бо Телйо ва Санчес 

Боз як рӯйдоди ба ин монанд, вале ҳамчунин хаёлан бофташуда аз ҷониби журналистони испанӣ аст, ки гапҳои Мессиро вақти сухан бо ҳамдастаҳояш тариқи ҳаракати лабҳо маънидод кардаанд..   Худатон қазоват кунед,ки то чӣ андоза ин маълумот қобили боварист,вале агар кори журналистон дақиқ бошад, Месси бо Телйо ва Санчес бо лаҳни ниҳоят дағалона гуфтугӯ намуда, ин бозингаронро аз нафарони дараҷаи дуввум номидааст ва талаб ҳам кардааст,ки масъуланд то дар нахустин фурсат барояш тӯб таъмин кунанд.   Мумкин,ки журналистон суханбофӣ карда бошанд,вале чӣ тавре мегӯянд дуд бе оташ намешавад ва мо медонем баъдан тақдири Телйо ва Санчес чӣ гуна шуд.  




                                                                   Муноқишаи Месси бо Фаус

  

Аммо на фақат ба ҳамдастагони майдонӣ аз Месси зарбаҳо расидааст, балки намунаи он,ки Месси ба роҳбарияти    «Барселона» ҳам таъсир мерасонад, кайҳо боз аёнанд.  Намунаи рушане метавонад руйдоди дар соли 2013 ба миён омада бошад, вақте,ки ноиб-перзиденти даста   Хавйер Фаус дар хусуси тамдидкунии шартнома бо Месси чунин гуфта буд: «Ман дар беҳсозии шартҳои қарордод бо Месси ҳеҷ мантиқеро намебинам, чаро ки мо алакай яку ним сол пеш чунин қарордод бо шартҳое беҳтареро барояш додем».  Бозингари аргентинӣ бошад дар ин маврид посухи ниҳоят манфие дода буд: «Фаус – инсонест, ки ҳеҷ чизро дар футбол намефаҳмад ва   „Барселона“-ро чун  як муассиса идора карданӣ  аст.  Аммо ин чунин тавр нест.   „Барселона“ — яке аз беҳтарин дастаҳои дунёӣ аст,ки арзандаи беҳтарин менеҷерон дар олам аст». Ахири кор албатта,ки пешгӯишаванда буд: бо Месси баҳори соли 2014 қарордод бо шартҳои боз ҳам беҳтаре имзо намуданд. 

                                                             Нофаҳмиҳо байни Месси ва Луис Энрике


Соли 2015 Месси аз назорати сармураббӣ    Луиса Энрике берун баромад (агар умуман бигирем ин аргентинӣ ҳеҷ вақте таҳти назорати мураббӣ набудааст). Лионел ба хотири ба миён омадани нофаҳмиҳо бо мураббӣ,ки Жереми Матё шоҳиди он будааст ба тамринҳои рӯзи баъдӣ ҳозир нашуд.  Ба гуфти ӯ    Энрике вақти тамринҳо дутарафа ба иштибоҳ роҳ дод, вақте   қоидавайрокунӣ нисбати Мессиро аз назар дур монда буд.  Лионел дар ғазаб шуд  ва пас аз танишҳои лафзие,ки дар натиҷаи он Месси ва Энрике дар ҳаққи якдигар суханҳои зиёди ноҷо гуфтанд, Месси тамринҳоро тарк намуда, ба утоқи лисбоивазкунӣ рафт.     Ҳарчанд,ки муноқиша баъдан роҳи ҳаллашро ёфт, бозингари аргентинӣ бо ҳамин хислат нишон доду мураббиро ба қавле    «ба ҷояш» шинонд.

                                                             Даст ба гиребоншавии Месси бо Абидал


Ин руйдоди манфӣ дар моҳи феврали соли 2020 сурат гирифт. Котиби техникии «Барселона» Эрик Абидал  вақти мусоҳиба бо  Sport.es дар хусуси аз кор ронда шудани   Эрнесто Валверде аз вазифаи сармураббигӣ сухан ронда, изҳор намуд,ки  Валвердеро бо муносибати нодуруст ба кор ва бозии бесифаташон  худи зердастонаш фиреб карданд. Месси бошад дар ин бора фавран чунин ҷавоб дод: «Ҳар кас бояд  аз кору қарори худ ҷавобгар бошад.  Бозингарон аз барои оне,ки дар майдон чӣ меравад. Менеҷерон ҳам бояд,ки аз барои  қарори баровардаашон масъулият эҳсос кунанд.   Ба фикрам агар мо дар хусуси бозингарон ҳарф занем, бояд,ки номҳоро ба забон овард, агар не мо ҳамагонро ифлос мекунем ва овозаҳо ҳам зиёд мешаванд». Футболбозон албатта,ки дар ин муноқиша Мессиро дастгирӣ менамуданд ва Абидал барои суханаш    «ба майдон» ба назди  президенти онвақтаи бошгоҳ  Хосеп  Мария Бартомеу даъватнома гирифт, чаро ки ӯро ба вазифаи котиби техникӣ маҳз барои дуруст намудани  муносибатҳо миёни роҳбарону бозингарон таъин намудаанд. Кор бошад умуман ба ранги дигар сурат гирифт.

                                                 Месси бо ситоди мураббиёни  Сетйен забон наёфт

Аслан  ба вазифаи сармураббии    «Барселона»  таъин намудани Кике Сетйен суолҳои зиёдеро ба миён овард ва ояндаи наздик ҳам нишон дод,ки пешгӯикунандагон ҳақ будаанд.  Маҳз яке аз чунин нафарони пешгӯикунанда футболбози даста Месси буд. Таърихи норозигии ӯ бо Сетйен дар расонаҳои испанӣ танҳо дар моҳи июни соли пор парешон шуд. Гӯё,ки пас аз бозӣ   «Селта» (2:2)  байни Сетйен бо   Месси ва Суарес  муноқишаи гарми лафзие ба миён омадааст. Сарчашмаи чунин рӯйдод он шуд,ки    Лионел ба таври ошкоро тавсияҳои ёвари Сетйен   Эдер Сарабияро рад намуда, кулли инро ҳатто тамошобинон ҳам вақти пахши мустақим мушоҳида намуданд: Месси ба таври ошкоро ба Сарабия таваҷууҳ намекард,вақте,ки ӯ талоши фаҳмондани чизе ба Месси менамуд.  



Норозигии бузурги Месси бошад ба нуқтаи ниҳоӣ пас аз оне расид,ки дар анҷоми мавсими пор “Барселона” Примераро бар “Реал” тақдим карду дар Лигаи Қаҳрамонҳо аз “Бавария” ҳашт гол хурд ва бидуни ҳеҷ ҷоизае мавсими мушкилро ҷамъбаст намуд. Шартномаи кории Месси бошад соли ҷорӣ ба итмом мерасад,вале Лео то ҳол дар хусуси ояндаи хеш то ҳол қароре  набаровардааст.









Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив