LIVE

Ҳангомае,ки дар Ҷоми Англии худи Моуринйо ва «Тоттенхэм»-ро ба ҳайрат оварду туҳфаҳои Мессиро ҳам дубора ба майдон овард.

Дар Ҷоми Англия бошгоҳ аз лигаи ҳаштуми футболӣ барои тими   «Тоттенхэм» ба ҷои утоқи либосивазкунӣ маркази дилхушӣ пешниҳод намуда, бар муқобили    Моуринйо мурабби аз роҳи оҳан истод шуд.   
«Марин» бошад  бидуни ягон мухлис дар нишастгоҳҳо 300 ҳазор фунт  кор кард.



Варзишгоҳи рақиби «Тоттенхэм» қариб ба мисоли қуттие аз ҳавлии ҳамсоя аст.  Бар ивази утоқи либосивазкунӣ Моуринйо минтақаи барӣ барои ҷамъомадҳо ва туйҳо ба даст овард  

«Тоттенхэм» дар даври сеюми Ҷоми Англия  бо  «Марин» бозӣ кард – дастаи хурде аз лигаи ҳаштуми лигаи англисӣ.  Ҳатто новобаста ба ҳисоби  0:5 мо чунин бозиро солиёни зиёд бо хотираҳои хосе ба ёд меорем.  
«Марин»  дастаест,ки дар масири   126 сол умуман ба чизе ноил нашудаст ва якбора кулли Англияро руҳафтода намуд. Ҳамоно пас аз пирӯзӣ бар тими  «Хавант энд Уотерлувилл» дар даври дуюм мухлисон   ҳатто тӯбрасонҳоро ҳам ба даст мебурданд ва дарвозабон  Бейли Пассантро бошад ба фурӯшгоҳи маҳҳалӣ барои харидории пиво фиристоданд.   
Ӯ бо овезаҳои хурди пур аз пиво махсус бо либосҳои дарвозабониву дастпӯшакҳо рафта буд.





Ҷоми Англия бештари вақтҳо ба ҳамагон мавзуъҳои бузург мебахшад ва аслан дастаҳои лигаҳои сеюму чорум аз худ садо баланд мекунанд.   Ҳеҷ вақте яке аз пешвоёни ПЛА бо чунин дастаи заиф рубарӯ нашудааст. Байни «Тоттенхэм» ва «Марин» – 160 мавқеъ дар ҷадвали мусобиқа аст ва ин ҳам    (нишондоди рекордӣ дар даври сеюми Ҷом аст ).
Ва ин фарқият кули чизро нишон медиҳад.
Дар варзишгоҳи  «Марин» утоқҳои хурди либосивазкунӣ вуҷуд доранд ва аз ин рӯ футболбозони   «Тоттенхэм» либосивазкунӣ ва гӯш андохтан ба суҳбатҳои   Жозе Моуринйоро дар маркази дилхушии ҳаҷман калонтари наздики варзишгоҳ анҷом медоданд,ки  Arriva Suite ном дорад. Ин макони дилхушӣ ғунҷоиши 150 нафар дошта, аслан туйҳо, баргузории рӯзи таваллуд ва ҷамъомадҳоро қабул мекунад.  Иҷораи ин толор дар кулли рӯз бо танзимкунандаи мусиқӣ ва муҳофизон   160 фунтро арзиш дорад.
«Аслан дар чунин бари дилхушӣ мо либос иваз мекардем, – гуфта буд мураббии   «Марин» Нил Янг. – Ҳаммомкуниро бошад онҳо дар утоқи либосивазкуннии меҳмонон анҷом медиҳанд, вале  худи либосивазкунӣ бошад дар дохили бар қулайтар аст».





«Тоттенхэм» солиёни зиёд чунин шароит ва рафти корро надидааст. Варзишгоҳи он қариб як миллиард фунт арзиш дошта,   «Марин» бошад эълонҳои бозиро ба таври дастӣ иваз мекунад.  





Нишастгоҳи ягонаи бозингарони эҳтиётӣ ва курсиҳои назди он барои мураббиён бароятон чӣ тавр аст? Салом аз даврони пешин.




Бозӣ бо «Тоттенхэм» барои мухлисон дастнорас буд   (дар ин хусус ҳоло ҳарф намезанем), аммо ҳатто дар вақти фуруӯши озодонаи чиптаҳо мухлисон бозиро аз паси симтӯр тамошо мекарданд (танҳо симтӯр варзишгоҳро аз ҷаҳони боқимонда ҷудо мекунад) ва ё ки аз долонҳои хонаашон. Масалан бо шишаи шампон ва торти хурдакак бо навиштаҷоти  Happy Birthday.


«Боре дар вақти бозӣ бароям аз паси симтӯр бутреброд бо ҳасиб дароз карданд.  Он тарафи канории симтӯр бошад ба варзишгоҳ хеле наздик буд. Чанд бор мо   ҳатто бо довари канорӣ бархурд дошта будем», – нақл мекунад аз ҳаёти ширини дастаи хурд сармураббӣ  Нил Янг.

Дар  Кросби  Карло Анчелотти зиндагӣ мекунад. Ӯ мухлиси бузурги шаҳр ҳаст, махсусан ҳайкали оҳанӣ дар соҳили офтобхурӣ  


«Марин» – даста аз Кросби, шаҳраки назди Ливерпул аст. Макони на чандон калон, вале бароҳате дар соҳили баҳри Ирландия.  Кросби  50 ҳазор нафар сокин дорад,ки яке аз миёнашон   Карло  Анчелотти мебошад,ки дар инҷо   локдауни пурраи баҳориро гузаронида буд.
«Ин макони ниҳоят зебо аст. Наздик ба баҳр буда, соҳили зебои офтобхурӣ дорад. Велосипедронӣ ва сайругашт дар ин маконро нағз мебинам.  Ва ҳамчунин ҳайкалҳои  Гормлиро низ. Оно ба ман хеле маъқуланд», – гуфтааст  Анчелотти дар мусоҳиба ба New York Times.  
Анчелотти манзараҳои ландшафтие зери номи «Макони дигар»-ро аз ҳайкалтароши британӣ  Энтони Гормли дар назар дорад  ва ин яке аз асарҳои маъруфтарини ӯст.   Сад фигураҳои оҳанӣ бо қади 189 сантиметр дар соҳили офтобхурии   Кросби соли 2005-ум пайдо шудаанд ва бояд, ки    16 моҳ қомат афрохта бозгашт ба  Ню-Йорк мекарданд, аммо ҳайкалҳоро монданд. Айни ҳол  «Макони дигар»  асоситарин макони тамошобоби шаҳр мебошад. Лекин дар суратҳо ҳайкалҳои оҳанӣ дар соҳили холӣ чандон ҷолиб ба чашм намерасанд.  




Дар масофаи яккилометрии ҳайкалҳои оҳанӣ симоҳои футболӣ ба сар мебаранд. Инҷо варзишгоҳи хурде бо номи  «Россетт Парк» барои  3 200 ҷой   (ҳамагӣ 400 ҷои нишаст) мавҷуд аст. Дар масири 106 сол  ин макон  бозиҳои    зиёди футболи  ҳаваскоронае дидааст  (то соли 1974  «Марин» танҳо дар ҳамин сатҳ бозӣ менамуд), ғолибон дар Ҷоми  Ливерпул ва лигаи графигарии Чешир, бозиҳои тими занонаи  «Эвертон» (1998-2013), аммо ҳеҷ вақте  даври сеюми Ҷоми Англия набуд.

«Ливерпул» ба «Марин»  барои бозӣ бо   «Тоттенхэм кӯмак намуд: мураббии нимаҳаваскорон  аз кори таҳлилгарон ба ваҷд омад. «Эвертон» бошад маркази тамринияшонро дар ихтиёри ин тим гузошт 

Дар асли кор «Марин» аллакай ба чунон сатҳи баланде баромадааст, аммо он замон дар меҳмонӣ бозӣ карда буд.  Дар мавсими 1992/93 бачаҳо аз   Кросби ҳафт бозӣ паиҳам дар марҳилаи интихобӣ ғолиб омада, танҳо дар даври сеюм бар  «Крю Александре» (1:3) бохта буданд. Дар бошгоҳ то ҳол аз ин дастовард ифтихор мекунанд.




Ягона бозингар дар сафи   «Марин», ки замоне муқобили дастаи   ПЛА бозӣ кардааст – ҳимоягари марказӣ  Дэвид Рэйвен аст.  Ӯ ҳатто дар сафи   «Ливерпул»  дар бозие дар соли   2005 ба майдон баромада буд.  23 дақиқа дар як майдон бо  Ҷеррард, Каррагер ва  Морйентес бар муқобили   «Саутгемптон» майдондорӣ карда буд. Ҳамон вақт Дэвид   20 сол дошт. Айни ҳол бошад  35 сол дошта, пешвои  «Марин» аст.
Футболбозони дигар аслан дастпарварони    «Транмер»  ҳастанд (бошгоҳи дигари мерсисайдӣ дар лигаи чорум ) ва ё  академияи «Ливерпул».
«Бовар дорам, ки ин бозии дилошуб хоҳад буд. Ҳама дар инҷо хеле шоданд,ки чунин рақибро дар шаҳраки хурдакак мепазиранд. Мумкин аст ҳатто гуфтан,ки дар деҳа », – гуфта буд Карло Анчелотти.
Мураббии  «Эвертон» ҳатто ба сармураббии   «Марин» Ник Янг паёмак фиристода, ба шарофати баромадан  ба лигаи сеюм табрик намуда, гуфт,ки бозӣ бар муқобили   «Тоттенхэм» дақиқан чизи хоссае барои кулли шаҳр мешавад.
«Эвертон» барои  «Марин» ҳам брои тайёрӣ дар базаи тамринияш имкон фароҳам овард ва   баъдан бозингарони нимаҳаваскор дар тамрингоҳи    «Ливерпул» низ тамрин намуданд.

Футбол – кори асосии бозингарони  «Марин» нест. Миёни онҳо муаллими тарбияи ҷисмонӣ, партобҷамъкунак   буда, сармураббияшон дар роҳи оҳан кор мекунад  

«Марин»-и хурдакак, ки аз ҷониби   ассотсиатсияи мухлисони маҳаллӣ ва  агентии сайёҳии Marine Travel маблағгузорӣ карда мешавад, дар бозӣ бо  «Тоттенхэм» бояд,ки маблағҳои бештаре ба даст меовард.
Бошгоҳ ҳаёти хоксорона дорад ва футболбозон    200 фунт ҳар ҳафта маош мегиранд,ки ин қариб 13 ҳазор сомониро   дар як моҳ ташкил медиҳад), ҳарчанд,ки маоши миёна дар Британияи  – 510 фунт дар як ҳафта мебошад ва ин бошад  33 ҳазору 795 сомони дар як моҳро ташкил медиҳад.
Бисёре аз футболбозон кори дигар ҳам доранд. Масалан ҳимоягар Ҷош Соломон-Дэвис дар системаи миллии тандурустӣ маризони мубталои коронавирусро назорат мекунад, ҳимоягар   Ҷеймс Ҷойс дар коргоҳи автомобилӣ ранҷ мебарад, ҳамлавар  Ниэл Каммингс – омӯзгори тарбияи ҷисмонист, сарвони  «Марин» ва мухлиси бузурги  «Арсенал» Ҷеймс Бэрриган – партобҷамъкунак аст ва сармураббӣ  Нил Янг бошад дар роҳи оҳан заҳмат мекашад.


Дар замони  локдаун «Марин» қариб  300 000 фунтов (4 592 538,05сомони) аз даст дода буд. Ба хотири бозӣ бар муқобили   «Тоттенхэм» роҳбарияти   «Марин» талафотҳоро намуд,ки масрафиётҳоро ҷуброн кунад.   
«Барои маош мо 100-130 ҳазор фунт солона харҷ мекунем. Танҳо аз барои пахши бозӣ бо  «Тоттенхэм» мо  75 000 фунт аз  BBC One мегирем – пештар бозиҳои моро нишон намедоданд», – гуфт  директори генералии бошгоҳ  Пол Лири.
Боз 100 000 фунти дигар бояд, ки   чиптаҳо ва фурӯши таҷҳизотҳои бошгоҳӣ фоида меоварданд, аммо инҷо мушкилот шуруъ шуд.  

Ба «Марин» роҳ додани мухлисон ба бозӣ бар муқобили   «Тоттенхэм»-ро иҷоза надоданд. Ҳамин вақт бошгоҳ   20 ҳазор чиптаи виртуалӣ фурӯхту сармоягузорони  зиёдеро ҳам ҷалб намуд!

Як моҳ пеш аз бозиҳо дар Британияи Кабир боз ҳам маҳдудиятҳои коронавирусӣ эълон намуданд ва чунин маҳдудиятҳоро дар чандин марҳила ҷорӣ карданд, аммо кайҳо боз маълум буд,ки бозӣ бо   «Тоттенхэм» бидуни мухлисон баргузор мешавад.




Роҳбарияти бошгоҳро чунин қарор сахт андӯҳгин намуд,вале онҳо рӯҳафтода нашуданд.   «Марин» фурӯши виртуалии  чиптаҳоро бо арзиши   10 фунт ҷорӣ намуда, кулли ин чиптаҳо (ба хотири манъкунии ҳукумат барои ташрифи мухлисон) на ба худи бози  буданд, балки  чиптаҳое барои лотерея буданд,ки ғолиби он сармурабби даста дар омодагиҳои пешазмавсимии оянда мешавад ва пироҳани бошгоҳ бо соядаст,  абонементи ду  мавсимӣ ва чипта барои бозиҳои Ҷом бо иҷозаи зист дар  Ливерпул мегардад.
Аз фурсатҳои нахуст   660 харидор дар назар буд, аммо оно тавонистанд аллакай  20 000 мухлисон ҷамъ оваранд (умуман 200 000 фунт ҷамъ оварда шуд).




Ҳамин тариқ «Марин» нишондоди рекордии ташрифи мухлисонро нав (панҷ маротиби дигар аз ғунҷоиши варзишгоҳ чипта фурӯхт) барҷой гузошт. Соли 1949 ба бозии   «Марин»  6000 нафар омаданд ва ин бозӣ бар муқобили мунтахаби  Нигерия буд. Тибқи хоҳиши   губернатори Нигерия ба мунтахаби африқоӣ иҷоза доданд,ки дар кулли    минтақаи Англия бозиҳо гузаронанд ва бо тимҳои маҳаллии ҳаваскорона бозӣ кунанд ва ахиран чунин натиҷа ба даст омад: ду пирӯзӣ, ду мусовӣ ва панҷ бохт дар давоми моҳ.
«Марин»-и серталош ҳамчунин ҳашт пакети сармоягузорӣ фурӯхт.  Аслан чунин пакетҳо дар худ вип-маконо  дар минбарҳо, вохурӣ бо сармураббӣ пеш аз бозӣ ва воридкунии ном ё тамғаи ширкат ба барномаи пешазмавсимӣ аст,ки пакетҳо дар худ доранд. Айни ҳол бошад танҳо реклама дар як ҷой ва пеш аз бозӣ  бо  «Тоттенхэм» бошад кулли пакетҳо  (сармоягзуори генералӣ, сармоягузори барнома, сармоягузори ҳайат ба бозӣ, сарпарасти зерхати барнома, сарпарасти унвони   «Беҳтарин бозингари бозӣ», сарпарасти тӯб,сарпарасти фардии ҳар яке аз  18 бозингарон) савдогарон маҳҳалӣ ва мухлисоне,ки мехостанд номашонро дар таърих гузоранд,зиёда аз  +31 500 фунт ҷамъ карданд.





Ва кулли ин анҷом нест. «Марин» махсус пеш аз бозӣ бо  «Тоттенхэм» ҳамчунин мавқеҳои сарпарастӣ дар пироҳанҳоро  низ фурӯхт.   Онҳоро   медиа ба мисоли   бренди либосҳо  JD Sports, истеҳсолкунандаи британии шир  ArlaCravendale и ва блоги Cartillage Free Captain худӣ намуда,  нашрияи махсусе,ки фақат барои  «Тоттенхэм» менависад, (The Athletic ё худ шуъбаи тактикии нашрияи Майкл Кокс ба таври пурра барои   «Марина» бозии лондониҳоро таҳлил кард). 
Созандагони блог бошанд зиёда аз   12 ҳазор фунт миёни обуначиён ҷамъ намуда, рамзи   Cartillage Free Captain-ро дар либосҳои  «Марин» тарҳрезӣ намуданд.

Маҷмуъан «Марин» қариб 300 ҳазор фунтов кор кард. Дақиқан он талафотҳоеро,ки дар локдаун ба он рубарӯ шуда буд, пурра пушонид.   
Дастаи хурдакакро бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд.  Дар хусуси ин тим ҳам Лиам Галлахер ва  ҳам Ҷейми Каррагер (ӯ аз шаҳракаи ҳамсояи  Бутл аст) навишта, шабакаҳои мактабӣ дар  Кросби Merchant Taylors’ ҳам менавиштанд. Ширкати пивобарорӣ (ҳамоне,ки шишаҳоро ба хотири рекорди Месси ирсол менамуд)  барои тим яхдони пур аз пиво тақдим намуд.











Имкониятҳои пирӯзшавӣ бар  «Тоттенхэм»-ро    «Марин» воқеан ҳам надошт ва аз ин рӯ дар бошгоҳ ҳанӯз пеш аз бозӣ шодӣ менамуданд.   
Пас аз бозӣ бозингарони   «Марин» пироҳанҳои футболбозони ситорагони  «Тоттенхэм»-ро тагу рӯ мекарданду (лондониҳо ба хотири маҳдудиятҳо дар ивазкунии пироҳанҳо пас аз бозӣ либосҳои варзишии нав барояшон тақдим намуданд) бо мухлисон дар бари ҳамсоя шаробнушӣ мекарданду вақти рӯзҳои корӣ дубора ба лигаи ҳаштум баргаштанд.   
Дар чанд километрӣ аз хонаҳояшон бошад дар соҳил   Карло Анчелотти ва  Жозе Моуринйо менишастанд. Итолиявӣ дар хусуси зебогиҳои   Кросби нақл мекунаду ҳайкали ҷаззоби оҳании Гормлиро нишон хоҳад дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив