LIVE

Чаро дар Ливеркузен Криштиану Роналдуро ба хашм оварданд?

Мухлисон дар бозиҳои футбол ҳамеша мехоҳанд бо футболбози писандидаи хеш акс гиранд ё онҳоро ба оғӯш кашанд. Ин ҳолат дар дидори дастаҳои "Байер" ва "Ювентус" дар даври 6-уми бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо иттифоқ афтод. Ҳаводорони Криштиану Роналду ҳамеша барои аксгирӣ ё ба оғӯш гирифтани футболбози дӯстоштаи худ ба майдон мебароманд. Дар бисёри ҳолатҳо футболбози португалӣ ҳамаро хушҳол менамуд. Аммо дар ин рақобат ҳолати ғайриоддӣ ба вуқуъ пайваст. Шояд сабаби асосиаш душвор сипари шудани бозӣ барои турининиҳо буд, чаро ки танҳо дар дақиқаи 75-ум Роналду ҳисобро боз карда, дар охир ниҳоят ғалаба намуданд.  

Дар вақти асосӣ ду маротиба мухлисон вориди майдон шуданд. Дар ҳолати аввал Криш мехост канораҷӯӣ кунад...

Аммо ӯро ба оғӯш гирифт.
Ана аз инаш раҳо шуд. Ӯро роҳбалади майдон боздошт. 
Ниҳоят дар поёни рақобат ҳодисаи аҷибе рух дод. Аз қафои Криштиану як мухлис дар даст телефон аз гардани футболбоз дошта, хост акс гирад. Ин ҳолат қаҳри Роналдуро овард ва ӯ мухлиси ба майдон омадаро тела дод. Аз навор маълум мешавад, ки бозингари португлӣ аз ин амал хеле нороҳат гаштааст. 

https://twitter.com/brfootball/status/1204902868215455744


 Шояд ҳаммаи ин ногаҳонӣ буд, зеро мухлис аз қафои ӯ ҳамла карда, хост акс гирад. Аммо онҳое, ки ба майдон ворид шуданд, ягон наафар ситораи машҳурро хашмгин накард буд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив